Январ 27, 2020 10:32 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори ҷонбохтагони вируси тоҷдор (коронавирус) дар Чин

Шумори ҷонбохтагони коронавирус дар Чин ба ҳаштод тан расид.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Комиссияи беҳдошти миллии Чин рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, шумори мубталоён ба ин вирус ба беш аз 2 ҳазору 800 тан расидааст.

Дар баёнияи Комиссияи беҳдошти миллии Чин  омадааст, шаҳри  Вуҳан дар вилояти Ҳубеии ин кишвар, муҳимтарин шаҳрест, ки коронавирус дар онҷо густариш ёфта ва мақомҳои Пекин ҷамъияте ҳудуди 54 миллион нафарро дар қарантин қарор додаанд.

Пас аз мушоҳидаи нахустин мавориди беморӣ дар Чин, кишварҳои Филипин, Тайланд, Жопон, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Покистон, Амрико, Фаронса, Шотландия ва Португалия низ аз мушоҳидаи мавориди ибтило ба ин вирус хабар доданд.

Охирин омор аз Кореяи Ҷанубӣ шомили марги беш аз 30 тан ва ибтилои ҳудуди 200 нафар ба ин беморӣ аст.

Барчасп