Мақоми ҳизбии Афғонистон: "Муомилаи қарн" ноком мемонад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i50524-Мақоми_ҳизбии_Афғонистон_Муомилаи_қарн_ноком_мемонад
Раҳбари Ҳизби Ҳаросати исломии Афғонистон гуфт: Тарҳи амрикоӣ-саҳюнистии "Муомилаи қарн" бори дигар нишон дод, ки Амрико танҳо ба фикри таъмини манофеи режими саҳюнистӣ аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 02, 2020 17:08 Asia/Dushanbe
  • Мақоми ҳизбии Афғонистон:

Раҳбари Ҳизби Ҳаросати исломии Афғонистон гуфт: Тарҳи амрикоӣ-саҳюнистии "Муомилаи қарн" бори дигар нишон дод, ки Амрико танҳо ба фикри таъмини манофеи режими саҳюнистӣ аст.

Муҳаммад Акбарӣ, раҳбари Ҳизби Ҳаросати исломӣ ва узви Маҷлиси Сенати Афғонистон дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори ИРНА гуфт:

Тарҳи ҷадиди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар бораи сарзамини Фаластин ва Байтулмуқаддас тарҳе дикташуда аз тарафи саҳюнистҳо аст, ки дар он ҳеҷ ҳаққе барои фаластиниҳо лиҳоз нашудааст.

Узви собиқи Маҷлиси намояндагони Афғонистон афзуд: Бо таваҷҷӯҳ ба аҳдофи шуми Амрико ва Исроил, миллати Фаластин, миллатҳои араб ва мусалмони ҷаҳон ин дасисаро дарк карда ва онро ҳаргиз нахоҳанд пазируфт ва тарҳи "Муомилаи қарн"-и саҳюнистӣ-амрикоиро ноком хоҳанд сохт.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе ҳамроҳ бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, дар Кохи Сафед аз тарҳи амрикоии "Муомилаи қарн" рӯнамоӣ кард.