Афзоиши талафоти Карона ва ташдиди тақозои ҷаҳонӣ барои хариди моск
(last modified Sat, 08 Feb 2020 06:11:58 GMT )
Феврал 08, 2020 11:11 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши талафоти Карона ва ташдиди тақозои ҷаҳонӣ барои хариди моск

Ҳамзамон бо афзоиши талафоти вируси нави Карона , Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз садбаробар шудани тақозо барои хариди моск ва таҷҳизоти пешгирӣ аз беморӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Осушитед Прресс , Созмони ҷаҳонии беҳдошт бомдоди шанбе эълом кард , ба далели нигаронии ҷаҳонӣ аз шуюуъи ин вирус, дархостҳои хариди москҳои беҳдоштӣ , дасткаш ва дигар васоили пешгирӣ аз мубтало ба беморӣ , сад баробар шуда ва қиматҳо низ ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Tedros Adhanom Ghebreyesus Мудири кули Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар ин бора гуфт ,ки иқдоми афроди маъмулӣ ва касоне, ки кадри дармонӣ нестанд барои хариди ин таҷҳизоти беҳдоштӣ , вазъиятро сахттар карда ва таъмини ҷаҳонӣ ин васоилро ба шиддат мухтал кардааст.

Навъи нави вируси Карона ҳамчунон ба гирифтани қурбонӣ идома медиҳад ва аз рӯзи гузашта то кунун ҳудуди навад нафар дар Чин ҷони худро аз даст доданд.

Бар асоси охирин омори расмӣ, шумори ҷонбохтагони ин вируси нав дар Чин то субҳи имрӯз шанбе 8 феврал  ( ба вақти маҳалӣ ) ба 722 нафар ва теъдоди кулӣ мубталоёни ин эпидемия низ ба 34,546 нафар афзоиш ёфтааст.

Шаҳри Вуҳон дар устони Убии Чин конуни шуюуъи вируси Карона дар декабри соли 2019 аст.