Ҳушдори Созмони Милал дар мавриди бозгашти ДИИШ ба Сурия ва Ироқ
Созмони Милали Муттаҳид бо баёни ин ,ки 27 ҳазор тероррист дар Ироқ ва Сурия вуҷуд доранд , дар бораи талоши ДИИШ барои бозёбии қудраташ дар ин ду кишвар ҳушдор дод.
Ба нақл аз Форс, раиси идораи мубориза бо терорризм дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт ; ҳудуди 20 ҳазор тероррист дар кишварҳои Ироқ ва Сурия ҳузур доранд.
Вадимир Фрунков , дар нишасте дар нишасте дар бораи падидаи терорризм ҳушдор дод ва гуфт ,ки мо бояд дар баробари тероризм муттаҳид бошем. Ӯ гуфт ; роҳбурди ҳастаҳои терорристии ДИИШ ин аст ,ки дар амокини даргири нуфуз карда ва аз мушкилоти маҳалӣ суистифода кунад.
Дар рӯзҳои ахир аносири терорристии ДИИШ дар таркиби Ироқ ба нерӯҳои Ҳашдушшаъбӣ ҳамла карда ва се тан аз онҳоро шаҳид карданд. Ин нерӯҳо дар ҷануби Мусел низ ҳамлаҳои сангини терорристҳоро дафъ кардаанд ва талош кардаанд бо эҷоди камарбанди амниятӣ дар марзҳои ғарбии Ироқ , монеъ аз интиқоли терорристҳо аз Сурия ба дохили Ироқ шаванд.