Феврал 09, 2020 18:42 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 5 ғайринизомӣ дар ҳамлаи ҳавоии Амрико ба ғарби Афғонистон

Узви Шӯрои вилоятии Фароҳ дар ғарби Афғонистон, аз кушта шудани 5 ғайринизомӣ дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ хабар дод.

Ба гузориши Тасним, Ддуллоҳ Қонеъ гуфт: Дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ дар рустои Корези Шайхо воқеъ дар 20 километрии шимоли шарқи шаҳри Фароҳ, 5 ғайринизомӣ кушта шуданд.

Узви Шӯрои вилоятии Фароҳ ҳамчунин афзуд: Ин ғайринизомиён  5 тоҷир ва корманди гумруки Фароҳ буданд, ки дар мошине озими бандари Шайх Абӯнасри Форобӣ буданд.

Дар ҳамин робита Комиссияи ҳуқуқи башари Афғонистон субҳи имрӯз эълом кард, бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ дар январи гузашта 26 ғайринизомӣ, аз ҷумла 17 кӯдак, 5 зан ва 4 мард кушта шуданд.

 

Барчасп