Феврал 16, 2020 11:51 Asia/Dushanbe
  • Русҳо киштии украиниро тавқиф карданд

Сервиси амнияти федерали Русия аз тавқифи як киштии Украина бо чаҳор шаҳрванди ин кишвар дар обҳои Қрим дар баҳри Азов хабар дод.

Ба нақл аз Анатолӣ, сервиси амнияти федерали Русия (FSB) рӯзи шанбе дар баёнияе эълом кард, як киштии украинӣ  бо чаҳор шаҳрванди ин кишвар дар обҳои сарзаминии Русия дар баҳри Азов ба далели моҳигирии ғайриқонунӣ тавқиф шуд.

Бар асоси баёнияи ин ниҳоди давлати Русия сарнишинони ин киштии украинӣ иҷозатномаҳои лозимро барои моҳигирӣ дар минтақа надоштаанд.

Сервиси амнияти  федерали Русия афзуд, нохудо(фармондеҳ)-и ин киштии Украина зимни бетаваҷҷуҳӣ ба дархостҳои қонунии гашти марзии Русия барои мутаваққиф кардани киштӣ, талоши нофарҷомеро барои фирор анҷом дод.

Гашти баҳрии Русия пас аз таваққуфи киштии украинӣ, онро ба ҳамроҳи сарнишинонаш ба бандари Керч дар нимаҷазираи Қрим мунтақил кардааст.

Русия ноябри 2018 низ ду новча ва як шиновари Украинаро ба ҳамроҳи маллоҳи украинӣ, дар гулӯгоҳи Керч байни баҳри Сиёҳ ва баҳри Азов ба ҷурми вуруди ғайриқонунӣ ба обҳои сарзаминии Қрим тавқиф карда буд.

Барчасп