Дармони чарби ҷигар бо масрафи чойи сабз ва варзиш
Пизишкон муътақиданд, масрафи чойи сабз дар канори варзиш ба коҳиши 75-дарсадии чарби ҷигари муртабит бо фарбеҳӣ мунҷар мешавад.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, муҳаққиқони илми пизишкӣ дар Донишгоҳи Пенсилванияи Амрико эълом карданд, таркиби чойи сабз ва варзиш бемории чарби ҷигарро контрол мекунад ва ба коҳиши 75-дарсадии чарби ҷигари муртабит бо фарбеҳӣ мунҷар мешавад.
Доктор Ҷошуа Ламбарт ва ҳамкоронаш мегӯянд, натиҷаи ин озмоиш аз ин назар муҳим аст, ки шумори мубталоён ба чарби ҷигари муртабит бо фарбеҳӣ дар ҳоли афзоиш аст ва бемориҳое ҳамчун чарби ҷигар, диабети навъи ду ва фарбеҳӣ беш аз сад миллион нафарро то соли 2030 мубтало хоҳанд кард ва ҳанӯз ҳам ҳеҷ дармони қатъӣ барои ин бемориҳо вуҷуд надорад.
Дар ин мутолиа мӯшҳои озмоишгоҳе ба муддати 16 ҳафта бо варзиш ва масрафи чойи сабз таҳти баррасӣ қарор гирифтанд ва дар ниҳоят мушаххас шуд, мизони захираи чарби ҷигари онҳо дар муқоиса бо гурӯҳи шоҳид коҳиши чашмгире ёфтааст.
Доктор Ламбарт мегӯяд: “Мо бар ин боварем, ки чойи сабз аз шикаста шудани карбоҳидратҳо, чарбиҳо ва протеини ғизо ҷилавгирӣ мекунад”.
Чарби ҷигар (fatty liver) мушкиле аст, ки бо иштибоҳоти ғизоӣ эҷод мешавад ва мутаассифона, шумори зиёде аз мардум мубтало ба он ҳастанд ва аворизи шадиде барои аъзои бадан эҷод мекунад. Агар ҷигар дорои 5 то 10 дарсад чарбӣ бошад, ҷигари чарбӣ номида мешавад. Ин беморӣ мавқеияти мухаррибро дар бадан эҷод мекунад ва бадтар ин ки ҳеҷ аломати ҳушдордиҳандае дар ибтило надорад. Изофавазн, масрафи алкогол ва машруботи алкоголӣ, масрафи ғизои чарбӣ, камтаҳаррукӣ, сӯитағзия ва фишори хуни боло аз авомили эҷоди чарби кабид (ҷигар) ҳастанд.