Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Афғонистон раиси вилоят таъин мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51111-Абдуллоҳ_Абдуллоҳ_дар_Афғонистон_раиси_вилоят_таъин_мекунад
Раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон, ки дар садади ташкили давлати фарогир дар Афғонистон аст, дар нахустин гом барои яке аз вилоятҳои ин кишвар раиси вилояти нав таъин кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 22, 2020 15:29 Asia/Dushanbe
  • Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Афғонистон раиси вилоят таъин мекунад

Раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон, ки дар садади ташкили давлати фарогир дар Афғонистон аст, дар нахустин гом барои яке аз вилоятҳои ин кишвар раиси вилояти нав таъин кард.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо. бар асоси эъломи рӯзи шанбеи хабарнигорон ва бархе расонаҳои Афғонистон, Муҳаммад Нур Раҳмонӣ раиси Шурои устонии Сарипул ба унвони раиси вилояти нав барои ин вилоят аз сӯи Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъин шудааст.

Ҳамзамон бо таъини раиси вилояти нав барои вилояти Сарпул, садҳо нафар аз ҳаводорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маҳалли раиси вилоят тачаммуъ кардаанд то раиси вилояти нав кори худро оғоз кунад.

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта бори дигар Муҳаммад Ашрафғаниро барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар эълом кард ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ нафари дуввум шуд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ пирӯзии Ашрафғанӣ дар интихоботи раёсатҷумҳуриро қабул накарда ва эълом кардааст, ки давлати фарогир ташкил медиҳад.

Қарор аст имрӯз Абдуллоҳ Абдуллоҳ барои вилятҳои Ҷавзҷон ва Панҷшер низ вилоятдорони нав муаррифӣ кунад ва ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳануз дар инбора вокуниш нишон надодааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон 28 декабри 2019 баргузор шуд.