Феврал 24, 2020 14:43 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус Чин ва Ҳиндро ба ҷони ҳам андохт

Пас аз интиқоди Ҳинд аз таъхири амдии Чин дар судури иҷозатнома барои хуруҷи шаҳрвандони ҳиндӣ аз шаҳри Вуҳан, Диҳлии Нав дар иқдоме, ки ба назар мерасад вокуниши мутақобил бошад содироти таҷҳизоти пизишкӣ ба Чинро мамнӯъ кард.

Ба нақл аз ИРНО, нашрияи Таймз-У-Индия рӯзи душанбе навишт, пас аз ин иқдом, Сафорати  Чин дар Диҳлии Нав аз давлати Ҳинд дархост кард то содироти таҷҳизот ва доруҳои пизишкӣ монанди маска ба Чинро мутаваққиф накунад ва бар асоси қавонини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ амал кунад.

Шй Ранг-сухангӯи Сафорати Чин дар Ҳинд гуфт, мо умедворем, ки Ҳинд вазъияти коронавирусро ба сурати мантиқӣ ва бо оромиш баррасӣ кунад ва барои рафъи ниёзҳои пизишкии Чин ҳамкориҳои лозимро анҷом диҳад ва ҳарчи зудтар таомулоти дуҷониба ва тиҷорат бо Чинро аз сар бигирад.

Равиш Кумар-сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҳинд ҳам пас аз ин изҳороти Чин муддаӣ шуд, ки мамнӯияти содироти бархе аз лавозимоти беҳдоштӣ ва пизишкӣ ба ин далел аст, ки ин лавозимот дар Ҳинд низ бо тавлиди маҳдуд рубару аст.

Вай афзуд, Ҳинд бо ҷамъияти беш аз як миллиард нафар вазифа дорад то иқдомоти лозим барои муқобила бо коронавирусро анҷом диҳад зеро агар ин вирус ба дурустӣ мудирият нашавад метавонад ба таҳдиди ҷаҳонӣ табдил шавда.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҳинд гуфт, кишвараш дар иқдоме инсондӯстона лавозимот ва таҷҳизоти пизишкӣ ба Чин ирсол мекунад ва дар муқобил интизор дорад, ки Чин бо хуруҷи шаҳрвандони ҳиндӣ ва ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳои ҳамсояи Ҳинд аз шаҳри Вуҳан мувофиқат кунад.

Мақомоти ҳиндӣ рӯзи шанбе эълом карданд, ки Чин ба сурати амд талошҳои Ҳинд барои сафарбар кардани як парвози махсус ва хуруҷи шаҳрвандони ин кишвар аз шаҳри Вуҳанро бо таъхир рубару кардааст.

 

Барчасп