Март 02, 2020 14:34 Asia/Dushanbe
  • Охирин хабарҳо аз сафари ҷаҳонии  коронавирус

Охирин хабарҳо аз густариши коронавирус дар ҷаҳон

Нидерландия

Бемористони Биатрекс дар Нидерландия дар пайи мубтало шудани як бемор ба коронавирус таътил шуд.

Пас аз мусбат шудани натиҷаҳои озмоиши ин бемор масъулони бемористон аз пазириши беморони нав пешгирӣ карданд, аммо ба бемороне, ки аз пеш дар ин бемористон бастарӣ ҳастанд, расидагӣ мешавад.

Амрико

Рӯзномаи Бостон-Глоб навишт, коронавирус эҳтимолан ҳафтаҳост дар Амрико мунташир шудааст.

Рӯзномаи амрикоии НиюЙоркТаймз аз марги дуввумин мавриди мубтало ба коронавирус дар шаҳри Сиэтл дар Иёлати Вашингтони Амрико хабар дод.

То кунун 70 фарди машкук ба ибтило ба коронавирус дар Амрико шиносоӣ шудаанд, ки ҳоли 5 нафари онон вахим аст.

Афзоиши мавориди ибтило ба коронавирус дар Тайланд

Шумори ашхоси олуда ба ин вирус дар Тайланд ба 43 нафар расид.

Мусобиқоти мотосиклсавории қаҳрамонии ҷаҳон "MotoGP", ки қарор буд бисту дуввуми март дар Тайланд баргузор шавад, ба иллати шуюи коронавирус ба ақиб афтод.

Кореяи Ҷанубӣ

Дар Кореяи Ҷанубӣ беш аз 4 ҳазор нафарро олуда кардааст.

Чин

Мақомоти тандурӯстии Чин рӯзи душанбе эълом карданд, бо шиносоии 202 мавриди нави ибтило ба коронавирус, шумори мубталоён дар ин кишвар оғози шуюи ин беморӣ то кунун ба 80 ҳазору 26 нафар расидааст.

Камиссиони миллии тандурӯстии Чин дар гузориши рӯзонаи худ ҳамчунин аз ҷон бохтани 42 нафари дигар аз ашхоси олуда ба ин вирус хабар дод.

Барчасп