Шумори қурбониёни корона дар Испания ба беш аз 19 ҳазор нафар расид
(last modified 2020-04-16T13:40:32+00:00 )
Апрел 16, 2020 18:40 Asia/Dushanbe
  • Шумори қурбониёни корона  дар Испания ба беш аз 19 ҳазор нафар расид

Шумори қурбониёни корона  дар Испания ба беш аз 19 ҳазор нафар расидаас

Бар асоси эъломи вазорати беҳдошти Испания тайи 24 соати гузашта, 551 нафар аз мубталоён ба вируси корона  дар ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд.

Бо эҳтисоби қурбониёни имрӯз (панҷшанбе), шумори қурбониёни Испания бар асари ибтило ба вируси корона  ба 19,130 нафар расидааст.

Ҳамчунин дар ин муддат 5183 нафари дигар дар Испания ба корона  мубтало шудаанд ва маҷмӯи онҳо ба 182,816 нафар расидааст.

 

Барчасп