Шумори қурбониёни корона дар Испания ба беш аз 19 ҳазор нафар расид
Апрел 16, 2020 18:40 Asia/Dushanbe
Шумори қурбониёни корона дар Испания ба беш аз 19 ҳазор нафар расидаас
Бар асоси эъломи вазорати беҳдошти Испания тайи 24 соати гузашта, 551 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд.
Бо эҳтисоби қурбониёни имрӯз (панҷшанбе), шумори қурбониёни Испания бар асари ибтило ба вируси корона ба 19,130 нафар расидааст.
Ҳамчунин дар ин муддат 5183 нафари дигар дар Испания ба корона мубтало шудаанд ва маҷмӯи онҳо ба 182,816 нафар расидааст.