Апрел 24, 2020 17:35 Asia/Dushanbe
  • 46 кушта дар даргириҳои Афғонистон

Дар тозатарин даргириҳо байни ҷангҷӯёни Толибон ва нерӯҳои Афғонистон дар манотиқи мухталифи ин кишвар 46 нафар кушта шудаанд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, Наҷмиддини Бурҳонӣ, сухангӯи волии Бодғис дар шимоли ғарби Афғонистон рӯзи ҷумъа эълом кард, аъзои гурӯҳи Толибон ба посгоҳҳои нерӯҳои хезиши мардумии тарафдори давлат дар наздики шаҳристони Қалъаи Нав, маркази вилояти Бодғис ҳамла карданд, ки бар асари он 13 нерӯи хезиши мардумӣ кушта ва ҳафт нафар аз онҳо асир шуданд.

Вазорати кишвари Афғонистон низ имрӯз дар баёнияе эълом кард, 33 нафар аз Толибон дар даргирӣ бо низомиёни афғон дар ду вилояти Форёб ва Кундӯз кушта ва 10 нафар аз онҳо низ захмӣ шуданд.

Тибқи ин гузориш, панҷ саркардаи Толибон ҳам байни куштаҳо ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки Муҳаммад Ашрафғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон аз Толибон хостааст, ба муносибати моҳи мубораки Рамазон ва мубориза бо шуюъи вируси корона дар ин кишвар, бо оташбас мувофиқат кунад, аммо Толибон ин дархостро рад кардааст.

 

 

 

 

 

Барчасп