Тамдиди маҳдудиятҳои коронаӣ дар Кобул
https://parstoday.ir/tg/news/world-i53284-Тамдиди_маҳдудиятҳои_коронаӣ_дар_Кобул
Бо афзоиши шумори афроди олуда ба вируси корона дар Афғонистон, маҳдудиятҳои коронаӣ дар пойтахти ин кишвар тамдид шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 03, 2020 10:20 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди маҳдудиятҳои коронаӣ дар Кобул

Бо афзоиши шумори афроди олуда ба вируси корона дар Афғонистон, маҳдудиятҳои коронаӣ дар пойтахти ин кишвар тамдид шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, давлати Афғонистон шанбешаб эълом кард бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона, мамнуъияти омадушуд дар Кобул то поёни моҳи мубораки Рамазон тамдид шудааст.

Ин севумин бор аст, ки муддати замони маҳдудияти омадушуд дар шаҳри Кобул тамдид мешавад.

Вазорати кишвари Афғонистон низ чанде қабл эълом карда буд, ки маҳдудиятҳои равуо дар шаҳри Кобул шиддат хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон имрӯз якшанбе эълом кард: Шумори афроди олуда ба вируси корона дар ин кишвар ба ҳудуди  ду ҳазору 500 нафар расидааст.

Бар асоси гузоришҳо, шумори қурбониёни корона дар Афғонистон ҳам ба 72 нафар афзоиш ёфтааст.