Июн 03, 2020 16:14 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ойинҳои бузургдошти солгарди иртиҳоли имом Хумайнӣ (раҳ) дар Покистон

Ойинҳои гиромидошти солгарди иртиҳоли малакутии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) аз сӯи гурӯҳҳои мухталифи покистонӣ ва намояндагиҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳрҳои мухталифи Покистон баргузор шуд.

Намоиши филмҳои мустанад, намоҳанг ва акс бо мавзӯи имом Хумайнӣ (раҳ) дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар шаҳрҳои мухталифи Покистон, аз ҷумлаи барномаҳои имрӯз буд.

Хонаҳои фарҳанги Эрон дар шаҳрҳои Исломобод, Лоҳур, Пешовар, Карочӣ ва Кувайта ҳамчунин нишастҳои видеоконфронсӣ бо ҳузури шахсиятҳои аршади покистонӣ, рӯҳониён ва устодони донишгоҳ баргузор мекунад.

Имрӯз (чаҳоршанбе), чаҳордаҳуми хурдоди 1399 ҳиҷрии шамсӣ, баробар бо севуми июн, мусодиф бо сивудувумин солрӯзи иртиҳоли ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) аст.

 

Барчасп