Июн 07, 2020 19:19 Asia/Dushanbe
  • Чин: Дар мубориза бо коронавирус пинҳонкорӣ накардем

Раиси Комиссияи беҳдошти миллии Чин гуфт, ки кишвараш дар набард бо коронавирус на танҳо пинҳонкорӣ накарда, балки кӯмакҳои муҳиме низ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ арза кардааст.

Ба нақл аз ИРНА, Ма Жиауи рӯзи якшанбе дар нишасти хабарӣ, ки ба муносибати интишори "Китоби сафеди Чин дар мубориза бо коронавирус" дар Пекин баргузор шуд афзуд:

Чин мутобиқи қонун ва ба шакле шаффоф, тамоми таҷрибаҳои худро дар маҳори коронавирус дар ихтиёри ҷомеаи байналмилалӣ қарор додааст.

Ин мақоми чинӣ афзуд: Ҳамкорӣ, қудратмандтарин силоҳ барои ғалабаи ҷомеаи байналмилалӣ бар густариши  коронавирус маҳсуб мешавад ва беҳтар аст ба ҷои ин, ки масъулияти коронавирусро ба гардани якдигар бияндозем, бо якдигар ҳамкорӣ кунем.

 

Барчасп