Июн 09, 2020 19:01 Asia/Dushanbe
  • Таркиши маъдан дар Самангони Афғонистон ва гирифтор шудани  200 коргар

Таркишу оташсӯзӣ дар маъдани зуғолсанг дар вилояти Самангони Афғонистон боиси гирифтор шудани 200 коргар шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва симои Эрон, Иброҳимӣ волии Самангон рӯзи сешанбе эълом кард, инфиҷор дар як маъдани зуғолсанг дар шаҳристони дараи Суфи боло сабаби оташсӯзии ду маъдани ҳамҷавор шуд, ки бар асари он дусад нафар осеб диданд.

Гузоришҳои таъйид нашуда аз кушта шудани 30 маъданчӣ дар ин ду маъдан ҳикоят дорад, аммо ҳанӯз омори расмии талафот эълом нашудааст.

Барчасп