Июн 14, 2020 10:06 Asia/Dushanbe

Таркиш танкири сӯзишвории моеъ дар Чин 19 кушта барҷой гузошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, як мошини танкири ҳомили гози табиии моеъ асри рӯзи шанбе дар шаҳри Тайчжоу (Taizhou) дар устони Ҷеҷиянг (Zhejiang)-и Чин дар наздикии коргоҳе таркид.

Дар ин таркиш 166 нафар низ масдум шуданд.  

Баъд аз ин инфиҷор, гурӯҳи имдод ва наҷот кори ҷустуҷӯ ва наҷоти масдумонро оғоз кард. 

Иллати ҳодиса ҳануз мушаххас нест.

Барчасп