Ҳазфи паёмҳои ҷанҷолии ситоди таблиғотии Трамп аз Фейсбук
(last modified 2020-06-19T13:57:39+00:00 )
Июн 19, 2020 18:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи паёмҳои ҷанҷолии ситоди таблиғотии Трамп аз Фейсбук

Фейсбук паёмҳо ва таблиғоти Ситоди интихоботии раисҷумҳури Амрикоро ба далели истифода аз намоде мушобеҳи намоди нозиҳо (фашистҳо), аз платформаи худ пок кард.

Ба гузориши ИРНА, дар таблиғоти ҷанҷолии Трамп аз мардуми муътариз ба нажодпарастӣ дар Амрико ба унвони шӯрапушту авбоши хатарноки гурӯҳҳои чапи ифротӣ ёд шуда буд, ки дар хиёбонҳо ба роҳ афтода ва ҳарҷу марҷ ва беназмии мутлақ эҷод кардаанд.

Тибқи оморе, ки гурӯҳи дидабони тараққихоҳи “Медиа Метерз”, дар ҳисоби твиттерии худ мунташир кардааст, корзори интихоботии Трамп то кунун 88 таблиғи дорои аломати сегӯшаи ворунаи сурхрангро мунташир карда, ки ба гуфтаи ин гурӯҳ бисёр шабеҳ ба намоде аст, ки нозиҳо дар ҷанги ҷаҳонии дувум барои шиносоии зиндониён дар урдугоҳҳои кори иҷборӣ истифода мекарданд.

Яке аз сухангӯёни ширкати Фейсбук дар ин бора мегӯяд: “Мо ин постҳо ва таблиғотро ба далели нақзи сиёсати платформаи худ дар қиболи нафратпарокании созмонёфта ҳазф кардем”.

Дар таблиғоти интихоботии Трамп дар Фейсбук ҳамчунин аз тарафдорони вай хоста шуда буд то дар канори ӯ истода ва гурӯҳи зиддифашизми “Антифа” –ро созмони террористӣ биноманд.

Пештар дар эътирозоти нажодпарастона дар шаҳри Шарлотсвилли иёлати Вирҷиния, ҳомиёни ҷараёни бартариталабии сафедпӯстон бо имзои номае аз Трамп хоста буданд, “Антифа” -ро дар феҳристи созмонҳои террористӣ қарор диҳад.

 

 

 

Барчасп