Октябр 06, 2016 10:18 Asia/Dushanbe
  • Русия дувумин тавофуқи атомӣ бо Амрикоро таълиқ кард

Русия дар эътироз ба сиёсатҳои зидди русии Амрико, дувумин тавофуқномаи ҳамкории атомӣ бо ин кишварро дар се рӯзи гузашта таълиқ кард.

Ба гузориши ИРНА, Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия шомгоҳи чаҳоршанбе дастури таваққуфи ҳамкорӣ дар чорчуби иҷрои тавофуқномаи таҳқиқ ва барномарезӣ дар умури марбут ба тарроҳӣ ва сохти нерӯгоҳҳои атомӣ бо сӯхти ғанишудаи поинро содир кард.

Бар асоси мувофиқатномаи имзошуда дар сентябри соли 2013 қарор буд, тарҳи ҷойгузинии рекаторҳои таҳқиқотии Русия аз сӯхт бо ғинои боло бо кам ғанӣ шуда иҷро шавад.

Мувофиқатномаи таълиқ шуда дар баргирандаи ин мавзӯъ буд, ки аз платиниюм барои аҳдофи низомӣ истифода нашавад ва ҳатто ду кишвар дар ҳавзаи коҳиши он, ҳамкориҳое дошта бошанд.

Пештар, Владимир Путин, рӯзи душанбе ба думболи ончи иқдомоти хусуматомези Амрико номид, тайи ҳукме тавофуқ миёни Маскав- Вашингтон барои инҳидоми платиниумро ба ҳолати таълиқ даровард.

 

Барчасп