Афғонистон парвозҳои байналмиллалиро аз сар гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i54805-Афғонистон_парвозҳои_байналмиллалиро_аз_сар_гирифт
Парвозҳои байналмиллалӣ ба Афғонистон пас аз се моҳ таваққуф аз сар гирифта шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 24, 2020 13:37 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон парвозҳои байналмиллалиро аз сар гирифт

Парвозҳои байналмиллалӣ ба Афғонистон пас аз се моҳ таваққуф аз сар гирифта шуд.

Ба гузориш радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузорти Ово, нахустин парвоз субҳи имрӯз чаҳоршанбе аз ширкати ҳавоии таркяш аирлоинз*-и Туркия бо 350 сарнишин аз шаҳри Истамбул дар фурудгоҳи байналамиллалии Кобул ба замин нишаст.

Қарор аст ширкати ҳавоии Аморот низ аз фардо панҷшанбе парвозҳо байни Дубай ва Кобулро аз сар бигирад.

Умар Сабур- раиси фурудгоҳи байналмиллалии Ҳомид Карзай-и Кобул гуфт: Тамоми мусофироне, ки вориди фурудгоҳи Кобул мешаванд ва ё мусофироне, ки хориҷ мешаванд маҷбур ба пушидани ниқоби тиббӣ, риояти фосилаи таъиншуда ва муоинаи пизишк хоҳанд буд.

Парвозҳои байналмиллалӣ ба Афғонистон ва аз ин кишвар ба хориҷ, се моҳ пеш бар асари ҳамагирии вируси корона мутаваққиф шуд.

Дар ҳоли ҳозир бино бар оморҳои расмӣ 29 ҳазору 481 нафар дар Афғонистон ба вируси корона олуда шуда ва 618 нафар ҳам ҷон бохтаанд.