Корона ва камбуди дастгоҳҳои оксигенсоз дар Афғонистон
Июн 27, 2020 17:46 Asia/Dushanbe
Ҳамзамон бо афзоиши корона дар Афғонистон, беморони КОВИД-19 аз камбуди таҷҳизоти дармонӣ аз ҷумла балони оксигин шикоят доранд.
Фотима Азиз- узви Маҷлиси намояндагони Афғонистон, ки худ ба бемории КОВИД-19 мубтало шудааст аз фасод дар масрафи пулҳои кумакшуда ба Афғонистон барои мубориза бо вируси корона ба шиддат интиқод мекунад ва мегӯяд: Беморони КОВИД-19 дар ин кишвар ба далели камбуди балонҳои оксигин ҷон медиҳанд.
Шарҳи ин хабарро дар гузориши Беҳноми Яздонӣ аз Кобул мешунавед.
Барчасп