Бадтарин рӯзҳои коронаӣ дар Ҳиндустон ва Афғонистон
Июл 05, 2020 18:29 Asia/Dushanbe
Ҳиндустон ва Афғонистон бадтарин рӯзи коронаии худро пушти сар гузоштанд.
Вазорати беҳдошти Ҳиндустон рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард, бо шиносоии 25 000 мубтало ба коронавирус дар ин кишвар, шумори кулли мубталоён ба ин беморӣ дар Ҳиндустон ба 673 165 нафар афзоиш ёфтааст.
Дар ин баёния омадааст: Дар ин муддат 613 нафар низ бар асари ибтило ба коронавирус ҷон бохтаанд, ки маҷмӯан теъдоди фавтиҳо дар ин кишвар ба 19 268 нафар расидааст.
Дар ҳамин ҳол Вазорати беҳдошти Афғонистон низ имрӯз дар баёнияе эълом кард, дар 24 соати гузашта бо сабти 279 мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус, омори мубталоён ба ин беморӣ дар ин кишвар ба 32 950 нафар расид.
Барчасп