Вокуниши Ҳаммос ва Ҷиҳоди исломӣ ба шаҳодати асири фаластинӣ / эътироз ва азодории асирон дар зиндонҳои Исроил
(last modified 2020-07-09T05:40:59+00:00 )
Июл 09, 2020 10:40 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ҳаммос ва Ҷиҳоди исломӣ ба шаҳодати асири фаластинӣ / эътироз ва азодории асирон дар зиндонҳои Исроил

Дар паи шаҳодати яке аз асирони фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ , Ҳаммос ва Ҷиҳод вокуниш нишон доданд.

Ба нақл аз Исна , манбаъҳои фаластинӣ эълон карданд Саъдӣ Алғароблӣ , асири фаластинӣ дар дохили зиндонҳои режими саҳюнисӣ ба шаҳодат расид.

Дар ин росто Абдулатиф Алқонуъ , сухангуи Ҳаммос гуфт ; шаҳодати Алғароблӣ ба далели саҳлингорӣ дар ироаи хадамоти пизишкӣ таҷовуз аз хутути сурх дар сиёсатҳои систематики Исроил алайҳи асирон дар бораи фароҳам накардани хадамоти инсонӣ ва пизишкӣ барои онҳост.

Вай афзуд ; афзоиши шаҳидони асир ба 224 тан нишондиҳандаи ваҳшигарии режими ишғолгари Исроил ва зери по гузоштани тамоми арзишҳои ахлоқӣ ва инсонӣ ва урфи байналмилаллӣ дар бархурд бо асирон аст.

Алқонуъ гуфт ; Ниҳодҳои ҳуқуқӣ, инсонӣ ва байналмилаллӣ бояд дар робита бо бархурди Исроил бо асирон сукути худро бишканад.

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин низ дар баёнияе эълон кард ; ин асири қаҳрамони 26 солро дар зиндонҳои режими Саҳюнистӣ гузаронд ва бо дарди зулм ва таҷовуз дар сояи бетаваҷуҳӣ Ниҳодҳои байналмилаллӣ ва ҳуқуқӣ даступанҷа нарм кард то ин ,ки дар миёни сукути ин ниҳодҳо дар баробари ҷиноятҳои Исроил алайҳи асирон эълон шуд.

Дар ин баёния омодааст ; режими ишғолгари Исроил ва идораи зиндонҳои ин режим масулияти комили эҳмоли кори дар ироаи хадамоти пизишкӣ ба асиронро бар уҳда доранд. Ин сиёсат эъдоми тадриҷии асирон аст ,ки бо ҳадафи мумониат аз идомаи муборизаи мардуми Фаластин сурат мегирад.