Интиқоди Кареяи шимолӣ аз изҳороти зидди чинии Майк Помпео
(last modified Thu, 16 Jul 2020 06:09:01 GMT )
Июл 16, 2020 11:09 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Кареяи шимолӣ аз изҳороти зидди чинии Майк Помпео

Вазорати умури хориҷаи Кареяи шимолӣ изҳори назарҳои зидди чинӣ вазири умури хориҷаи Амрикоро маҳкум кард.

Ба гузориши радиои бурун марзии Садои Хуросон, Вазорати хориҷаи Кураи Шимолӣ бо маҳкум кардани изҳороти бе асос "Майк Помпео" вазири умури хориҷаи Амрико алайҳи Чин, дар баёнияе эълон кард, ин як амали ношоист ва золимона аст, ки як кишвари ғайри Осёие, ки дар он сӯйи уқёнус воқеъ шудааст, бо изҳороти ғайри масулона дар бораи масалаи дарёи Чини Ҷанубӣ Ҳизби Комунисти Чинро ба сӯйи истифода мутаҳам мекунад.

Вазрати хориҷаи Кареяи Шимолӣ тасриҳ кард: бе Ҳизби Комунист Чини навъ низ вуҷуд надошт. ин эътиқод ва ҳақиқате аст, ки дар зиҳни мардуми Чин ҷой гирифтааст.

Дар идомаи ин баёния омадааст: Пиюнг Ёнг ҳамчунин нисбат ба мудохилаи Амрико дар умури дигар кишварҳо ва талош барои сардаргум кардани афкори умумии мардуми Чин, ба Вашингтон ҳушдор медиҳад.

Вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи душанбе ба таври вижа иддаоҳои зарзаминии Чин дар дарёи Чини Ҷанубиро ғайри қонуни тавсиф ва онро маҳкум карда буд.