Таниш байни тоҷирони озарӣ ва арманӣ дар бозорҳои Русия
(last modified Sun, 19 Jul 2020 07:44:17 GMT )
Июл 19, 2020 12:44 Asia/Dushanbe
  • Таниш байни тоҷирони озарӣ ва арманӣ дар бозорҳои Русия

Расонаи озарӣ навишт: Дар пайи кушта шудани як генерали артиши Озарбойҷон дар даргириҳои низомӣ дар марзи Озарбойҷон ва Арманистон, таниш байни ду кишвар ба бозорҳои Русия кашид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи хабарии Интер-Оз, дар аксари бозорҳои Русия тоҷирони арманӣ бойкут шуда ва аз бозор хориҷ шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, озарбойҷониҳо аз вуруди мошинҳои боркаши Арманистон ба бозор ҷилавгирӣ карда ва роҳро бар онҳо бастаанд.

Ба навиштаи Интер-Оз, тоҷирони мусулмон аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон аз иқдомоти тоҷирони озарӣ ҳимоят кардаанд.

Гуфта мешавад дар ҳоли ҳозир ҳазорон тонна маҳсулоти тавлидии кишвари Арманистон дар бозорҳои Русия бидуни муштарӣ мондааст.

Дар рӯзҳои ахир даври наве аз даргириҳои марзӣ байни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба роҳ афтодааст.

Муовини вазири дифои Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи сешанбеи гузашта аз кушта шудани як генерали артиши ин кишвар дар ҳамлаи неруҳои арманӣ хабар дод.

 

Барчасп