Рейтерз: Амрико қатъномаи зидди эронии худро ислоҳ кард
(last modified Wed, 12 Aug 2020 05:35:12 GMT )
Август 12, 2020 10:35 Asia/Dushanbe
  • Рейтерз: Амрико қатъномаи зидди эронии худро ислоҳ кард

Хабаргузории Рейтерз сешанбешаб эълом кард: Амрико ислоҳоти густурдаеро дар қатъномаи пешниҳодии худ барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон дар Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид анҷом додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Рейтерз эълом кард: Амрико пешнависи қатъномаи пешини худро, ки шомили 15 банди муқаддамотӣ ва 35 банди амалиётӣ буд дар чаҳор банд хулоса кардааст.

Бар асоси эъломи Рейтерз дар пешнависи қатъномаи ҷадиди Амрико, мамнуъияти таслиҳотии Эрон то замоне, ки Шурои амният дар бораи он тасмим бигирад идома хоҳад дошт.

Рейтерз эълом кард: Амрико аз аъзои Шурои амният хоста то соати 10 субҳи чаҳоршанбе (ба вақти Нию-Йорк) назари худро дар бораи ин пешнавис эълом кунанд.

Бархе манобеъ эълом карданд намояндагии Амрико дар Шурои амният пас аз он ки фаҳмид ҳеҷ роҳе барои тасвиби қатъномаи зидди эронии худ дар ин шуро надорад, даст ба ислоҳоти густурда дар матни қатъномаи пешниҳодии худ задааст.

Дар ҳоле, ки қарор буд рӯзи сешанбе 11 август дар бораи қатъномаи пешниҳодии Амрико барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон дар Шурои амният овозгирӣ шавад Келли Крафт- намояндаи доими Амрико дар Созмони Миллали Муттаҳид хабар дод овозгирӣ дар бораи ин қатънома як ҳафта ба таъхир афтодааст.

Таҳримҳои таслиҳотии Эрон тибқи тавофуқи ҳастаӣ, 18 октябри имсол ба поён мерасад, аммо амрикоиҳо барои ҷилавгирӣ аз поён ёфтани ин таҳримҳо дар такопу ҳастанд.

Чин ва Русия ба унвони ду узви доими Шурои амният то кунун борҳо таъкид кардаанд мухолифи ҳаргуна тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон ҳастанд.