Сабти беш аз 600 мавриди хушунат алайҳи коркунони беҳдошт ва дармони ҷаҳон
(last modified 2020-08-19T06:52:42+00:00 )
Август 19, 2020 11:52 Asia/Dushanbe
  • Сабти беш аз 600 мавриди хушунат алайҳи коркунони беҳдошт ва дармони ҷаҳон

Кумитаи байналмилалии Салиби сурх сабти беш аз 600 ҳодисаи хушунатомез алайҳи коркунони беҳдошт ва дармон аз оғози шуйюи вируси корона дар ҷаҳон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Исна, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар гузорише эълом кард, ки 611 ҳодисаи хушунатомез, озор ва азият ё бадном кардан алайҳи коркунони муроқибати дармонӣ, беморон ва зерсохти дармонӣ дар шаш моҳи аввали ҳамагирии вируси корона дар 40 кишвар дар қораҳои Африқо, Амрико, Осиё ва манотиқи Ховари наздик ва миёна сабт шудааст.

Бар асоси гузориши Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, 67 дар сад коркунони дармонӣ, 22 ва ним дар сад беморон ва маҷруҳон ва 5 дар сад оворагон ва паноҳандагон дар ин ҳаводис ҳадаф қарор гирифтанд.

Вируси корона нахустин бор декабри 2019 дар Вуҳони Чин шиносоӣ шуд ва пас аз он ба тамоми кишварҳо ва манотиқи ҷуғрофиёии ҷаҳон густариш ёфт.

Ин гузориш дар ҳоле мунташир шудааст, ки шумори зиёде аз кодри дармон дар кишварҳои мухталиф дар раванди мубориза бо корона ҷони худро аз даст додаанд.

Барчасп