Кушта шудани мақоми баландпояи омӯзишу парвариши Афғонистон
(last modified Wed, 19 Aug 2020 11:39:24 GMT )
Август 19, 2020 16:39 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани мақоми баландпояи омӯзишу парвариши Афғонистон

Пойтахти Афғонистон субҳи рӯзи чаҳоршанберо бо ду таркиши бомб оғоз кард, ки бар асари он ду нафар аз ҷумла як мақоми баландпояи Вазорати омӯзишу парвариши ин кишвар кушта шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Фирдавс Фаромарз- сухангӯи полиси Кобул гуфт: Субҳи имрӯз чаҳоршанбе бомбе дар минтақаи панҷум таркид, ки бар асари он Мирабдулбоқӣ Амин, раиси Шурои илмии Вазорати омӯзишу парвариш кушта шуд.

Ҳамчунин субҳи имрӯз бомби дигаре дар ҳавзаи дувоздаҳи амниятии Кобул таркид, ки бар асари он як ғайринизомӣ кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, талафоти ҳамалоти ракетии дирӯз ба шаҳри Кобул низ афзоиш ёфта ва ҷадидтарин гузориши Вазорати кишвари Афғонистон ҳикоят аз он дорад, ки дар ин ҳамалот се нафар кушта ва 16 нафари дигар захмӣ шуданд.

Гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти ҳамлаи ракетии рӯзи сешанберо бар уҳда гирифтааст.