Август 22, 2020 18:54 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори қурбониёни корона дар ҷаҳон

Омори қурбониёни бемории Ковид-19 дар ҷаҳон, ба беш аз 800 ҳазор нафар расидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаронса, омори қурбониёни бемории " Ковид-19 " дар ҷаҳон, ба беш аз 800 ҳазор нафар расида, дар ҳоле, ки қораи Амрико бо бештарин мизони мубтало ва фавти бештар аз соири қораҳо таҳти таъсири вируси корона аст. 
 
Ҳамчунин Амрико бо бештарин мизони ибтило ва талафот дар садри ҷадвали кишварҳои даргир бо ин вируси кушанда қарор дорад. 
 
Бар асоси гузориши веб-сайти донишгоҳи Ҷон Ҳопкинз, танҳо дар 24 соати гузашта бо ибтилои 44 ҳазору 291 мавриди ҷадид, маҷмӯи мубталоён ба вируси корона дар ин кишвар ба панҷ миллиону 621 ҳазору 35 нафар расидааст, ки аз ин теъдод 175 ҳазору 350 нафар ҷони худро аз даст додаанд. 
 
Баъд аз Амрико, Бразилия бо беш аз 3 миллиону 532 ҳазор мубтало ва Ҳинд низ бо беш аз 2 миллиону 975 ҳазор мубтало дар ҷойгоҳҳои дувум ва севум қарор гирифтаанд. 
 
 Вируси корона, авохири соли 2019 дар шаҳри " Вуҳон "-и Чин шиносоӣ шуд ва хеле зуд ба соири кишварҳои ҷаҳон густариш ёфт.

Барчасп