Эълони омодагии Русия барои миёнаравӣ байни Теҳрон ва Вашингтон
(last modified Tue, 01 Sep 2020 12:44:45 GMT )
Сентябр 01, 2020 17:44 Asia/Dushanbe
  • Эълони омодагии Русия барои миёнаравӣ байни Теҳрон ва Вашингтон

Вазири умури хориҷаи Русия эълом кард Маскав аз музокироти мустақими Эрон ва Амрико ҳимоят мекунад ва барои кӯмак ба ин ду кишвар дар оғози музокирот омода аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Ирна , Сергей Лавров рӯзи сешанбе дар ҷамъи устодону донишҷӯёни донишгоҳи равобити байналмилалии Маскав (Магимо) вобаста ба Вазорати хориҷаи Русия, ки аз шабакаи телевизиюнии Русия  24 пахш мешуд гуфт : « мо омодаи музокира бо ҳар ду тараф барои фароҳам кардан заминаи гуфтӯгуҳои мустақим ҳастем, аммо дар сурате, ки ҳар ду алоқаманд бошанд . Ба эътиқоди мо матраҳ кардани ихтилофҳо ва масоил ба сурати мустақим ва дарёфти посухҳо бидуни восита аз ҳар чизи дигаре беҳтар  аст.»
Вай бори дигар бо интиқод аз Амрико ба далели хориҷ шудан аз тавофуқи ҳастаии Эрон ва 1+5 гуфт : Амрикоиҳо на танҳо аз Барҷоам хориҷ шуданд, балки дигари кишварҳоро ҳам аз тиҷорат бо Эрон манъ кардаанд .
Лавров идома дод : бархе муттаҳидони Амрико бо ҳақорат аз ин кишвар  хостаанд то машмули мамнӯиятҳои тиҷорӣ бо Эрон нашаванд ; чизе ки 10 соли пеш , ҳеч кас дар ҷаҳон  фикрашро ҳам намекард .
Вазири хориҷаи Русия бо ишора ба талошҳои ахири Амрико барои бозгардондани таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид  алайҳи Эрон гуфт : Амрико дар ҳоле мехоҳад аз механизми ҳуқуқии мавҷуд дар Барҷом алайҳи Теҳрон истифода кунад, ки ҳадаф аз эҷоди он , бозгардондани таҳримҳо дар сурати амал накардани Эрон ба тааҳудоташ буд .
Вай таъкид кард : Амрико  имрӯз чунин ҳаққе надорад , чунки Вашингтон пештар аз Барҷом хориҷ шудаасту бо хурӯҷи худ аз ин тавофуқ амалан аз тамомии ҳуқуқи худ дар ин замина  канорагирӣ кардааст .

Барчасп