Амири худхондаи ДИИШ дар Туркия дастгир шуд
Вазири корҳои дохилии Туркия аз дастгирӣ ва боздошти амири худхондаи созмони террористии ДИИШ дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Ирна , Сулаймон Сойлу рӯзи сешанбе дар Твиттер аз талошҳои нерӯҳои амниятӣ ва полиси Туркия барои шиносоӣ ва ҳабси саркардаи ДИИШ қадрдонӣ кард .
Сулаймон Сойлу дар паёми худ навиштааст : дар чорчӯби иҷроии тарҳи мубориза бо тероризм , Маҳмуди Озден, раҳбари худхондаи созмони террористии ДИИШ, дар Туркия боздошт шуд.
Вай афзуд дар бозрасии аз хона ва маконҳое, ки маҳалли рафту омади Озден буд чандин дастгоҳи роёна ва дигари таҷҳизоти диҷитал низ кашфу забт шудааст .
Вазири корҳои дохилии Туркия гуфт : бар асоси иттилооти дарёфтшуда , Маҳмуди Озден амири худхондаи созмони террористии ДИИШ дар Туркия, доимо аз Ироқу Сурия дастур мегирифта ва тасмим дошт бо ташкили гурӯҳҳои 10 – 12 нафара ба иқдомоти террористӣ дар Туркия даст бизанад .
Сулаймон Сойлу иттилооти бештар дар бораи чигунагии боздошт ва низ макони пинҳон шудани ин саркардаи ДИИШ ироа накард .