Сентябр 04, 2020 21:30 Asia/Dushanbe

Созмони амнияти федерали Русия эълом кард, бо шиносоӣ ва боздошти бамавқеи 13 террористи хатарнок, аз куштори ҷамъе аз мардум дар манотиқи мухталифи Русия ҷилавгирӣ шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Созмони амнияти федерали Русия мавсум ба ФСБ эълом кард, ин террористҳо бо бомбаҳои дастисоз ва анвои силоҳҳои худкор, қасд доштанд ба муассисоти омӯзишӣ, сохтмонҳои маҳалли истиқрори нерӯҳои низомӣ ва маконҳои бисёр шулуғ юриш баранд ва куштори бераҳмонаеро анҷом диҳанд.  

 Дар баррасии дафтарчаҳои ёддошти шахсӣ ва иттилооти мавҷуд дар телефонҳои ҳушманди ин афрод дастури кори марбут ба сохти таҷҳизоти оташзо ва мунфаҷира ва тарҳҳои ҳамалоти террористӣ кашф шуд.

 

Барчасп