Ғофилгирии раиси ҷумҳури Сербия аз эъломи Трамп дар бораи интиқоли сафорати кишвараш ба Қудси ишғолӣ
(last modified 2020-09-06T13:21:14+00:00 )
Сентябр 06, 2020 18:21 Asia/Dushanbe

Тасовири телевизионӣ нишон медиҳад, ки раиси ҷумҳури Сербия аз эъломи Трамп дар бораи интиқоли сафорати кишвараш ба Қудси ишғолӣ ғофилгир шудааст.

Ба гузориши Садои Хуросон, Александр Вучич- раиси ҷумҳури Сербия, ки барои тавофуқи оддисозии равобит бо Косово рӯзи ҷумъа дар Вашингтон ҳузур ёфта буд эълом кард сафоратхонаи Сербия дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳадди аксар то июли 2021 (тирамоҳи 1400) ба Байтулмуқаддас мунтақил хоҳад шуд.

Сербия аввалин кишвари аврупоӣ аст, ки бо интиқоли сафорати худ ба Қудси ишғолӣ мувофиқат мекунад.

Шабакаи хабарии Фоксниюз дар гузориши худ аз тавофуқномаи оддисозии равобит миёни Сербия ва Косово, ки рӯзи ҷумъа 4 сентябр дар Кохи Сафед ва дар ҳузури Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба имзо расид, эълом кардааст, ки ба расмият шинохта шудани режими саҳюнистӣ аз сӯи Косово ва интиқоли сафорати Сербия дар сарзаминҳои ишғолӣ ба Байтулмуқаддас дар воқеъ бахше аз тавофуқи ҷадид байни ин ду кишвари ҳамсоя будааст.

 

Барчасп