Масъалаи риёзӣ пас аз ду ҳазор сол ҳал шуд
(last modified Mon, 07 Sep 2020 14:39:24 GMT )
Сентябр 07, 2020 19:39 Asia/Dushanbe
  • Масъалаи риёзӣ пас аз ду ҳазор сол ҳал шуд

Се риёзидон яке аз асоситарин суолот роҷеъ ба дувоздаҳ ваҷҳеро, ки аз ду ҳазор соли пеш бидуни ҳал монда буд, ҳал кардаанд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, мукааб, чаҳорзилъӣ, ҳаштзилъӣ ва бистваҷҳӣ ба сурате ҳастанд, ки бо шуруъ аз як гӯша наметавон масири мустақимеро бидуни убури такрорӣ аз гӯшаҳои чандваҷҳӣ тай кард ва дубора ба мабдаъ расид, аммо дар дувоздаҳваҷҳӣ ин иттифоқ меафтад.

Маҷаллаи “Куанта” гузориш дод, ки риёзидонон беш аз 2000 сол аст, ки рӯйи дувоздаҳваҷҳӣ мутолеа мекунанд, аммо Патрик Ҳупер, Дейвид Алисино ва Ҷидеф Айтарая нишон доданд, теъдоди бешуморе аз ин масирҳо дар дувоздаҳваҷҳӣ вуҷуд дорад.

Ин роҳҳал ба равишҳои навин ва алгоритмҳои роёнаӣ ниёз дошт.

Мақолаи онҳо моҳи май дар маҷаллаи риёзиёти таҷрибӣ мунташир шуд.

Дувоздаҳваҷҳӣ ё дувоздаҳсатҳӣ дар ҳандаса якчандваҷҳӣ бо дувоздаҳ ваҷҳи мусаттаҳ аст.