Боздошти боз як саркардаи ДИИШ дар Туркия
Сентябр 08, 2020 18:28 Asia/Dushanbe
Масъули гурӯҳи террористии ДИИШ дар остони Диёрбикри Туркия дастгир шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатолия , идораи мубориза бо тероризми остони Диёрбикри Туркия дар иттилоияе эълом кард : дар тозатарин амалиёти ин неруҳо , ниҳоди турон , масъули ДИИШ дар минтақаи Каяпимари ин остон шиносоӣ ва дастгир шудааст .
Ин саркардаи ДИИШ аз қабл ба ҷурми « узвият дар як гурӯҳи террористии мусаллаҳ » таҳти таъқиб қарор дошт ва ба шаш солу се моҳ ҳабс маҳкум буд .
Полиси Туркия пеш аз ин ҳам эълом карда буд 27 нафарро, ки бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар иртибот буданд ва худро омодаи ҳамла мекарданд дастгир кардааст .
Барчасп