Кремл: Пайвастани Белорус ба Русия девонагӣ аст
Сухангӯи кохи Кремл идғоми эҳтимолӣ ва комили Беларус бо Русияро девонагии маҳз унвон кард.
Ба гузориши “Спутник”, Дмитрий Песков рӯзи чаҳоршанбе гуфт, идғоми Белорус ва Русия дар дастури кор нест ва дар сафари ояндаи Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус ба Маскав ин мавзӯ мавриди баҳс қарор нахоҳад гирифт.
Сухангӯи кохи Кремл идома дод, ҳар бор, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Лукашнко дидор мекунад, ду тараф дар бораи тиҷорат, иқтисод, таҳвили нафту газ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баҳс мекунанд.
Рӯзномаи “Известия”, чопи Маскав рӯзи чаҳоршанбе навишт, Александр Лукашнко, раисҷумҳури Беларус дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо бархе намояндагони расонаҳои гурӯҳии Русия, омодагии худро барои идомаи идғоми Белорус дар кишвари муттаҳид бо Русия эълом кард.
Белорус аз нимаҳои август, дар пайи эъломи натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва пирӯзии Александр Лукашенко, дастхуши нооромиҳо ва тазоҳуроти густурда аст.