Сентябр 12, 2020 17:11 Asia/Dushanbe
  • Розе, ки Раҳбари Кореяи Шимолӣ ба Трамп гуфт

Дар ҳоле, ки токунун чигунагии марги низомӣ ва сиёсатмадори баландпоя ва шавҳари аммаи Раҳбари Кореяи Шимолӣ эълом нашуда Трамп муддаӣ шудааст Ким Чунг Ун наҳваи қатли вайро барояш шарҳ додааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамоии шабакаи хабарии Ал-Олам , Раиси Ҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар гуфтугӯ бо Боб Вудворд, рӯзноманигори маъруфи Washington Post   Вашингтон   дар бораи қатли шавҳари аммаи Раҳбари Кореяи Шимолӣ гуфтааст : « Ким ба ман  ҳама  чизро гуфт . Ҳамаи чизро . Ӯ шавҳари аммаашро кушта ва ҷанозаро болоии пилаҳо гузоштааст . Сари буридаи генерали аршади Корея ҳам рӯи баданаш  буд.»
Раҳбари ҷавони Кореяи шимолӣ барои нишон додани қудрати худ дар нахустин рӯзҳои зимомдориаш шавҳари худро, ки аз генералҳои баландпоя ва сиёсатмадорони пурнуфузу қудратманди Пхенян буд дар соли 2013 ба иттиҳоми хиёнату фасод эъдом кард .
Изҳороти Трамп дар бораи чигунагии кушта шудани Ҷанг Сонг Тхэк  Jang Song-thaek дар ҳоле аст, ки то имрӯзи ҳеҷ ривояти расмӣ дар ин маврид мунташир нашуда ва тақрибан ҳеҷ кас намедонад  ин низомӣ ва сиёсатмадори баландпояи Пхенян кушта шудааст.
Боб Вудворд 18 гуфтугӯ бо Трамп ( байни моҳҳои декабр то июли 2020 ) ва дигарон анҷом дода ва ҳосили ин мусоҳибаҳоро дар қолаби китобӣ ба номи хашм дар ояндаи наздик дар дастраси мардум қарор медиҳад .
Бахшҳоеаз ин китоби ҷанҷолӣ дар рӯзҳои ахир дар рӯзномаи Вашингтон пост мунташир шудааст .

Барчасп