Навалнӣ ба Русия боз мегардад
Рӯзномаи Нию-Йорк Таймз ба нақл аз як мақоми амниятии аршади Олмон гузориш дод Алексей Навалнӣ, чеҳраи саршиноси опозисиюни рус қасд дорад ба Русия бозгардад ва ба фаъолиятҳояш идома диҳад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Спутник, рӯзи душанбе бемористони "Черита" мустақар дар Берлин эълом кард, вазъияти Навалнӣ, ки баъд аз бемор шудан дар Русия барои дармон ба онҷо мунтақил шуда буд рӯ ба беҳбуд аст ва ӯ дигар аз дастгоҳи танаффуси маснуӣ истифода намекунад ва метавонад аз кати бемористон хориҷ шавад.
Ин мақоми олмонӣ, ки хост номаш фош нашавад афзуд: Ӯ қасд надорад дар Олмон дар табъид бимонад балки мехоҳад ба ватанаш Русия бозгардад ва ба маъмурияти худ идома диҳад. Ў комилан аз вазъияти худаш огоҳ аст ва медонад, ки чӣ иттифоқе рух додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Навалнӣ таҳти муроқибати шадиди полиси Олмон дар бемористони Черита қарор дорад.
Навалнӣ 20 август дар як парвози дохилӣ дар Русия бемор шуд.
Пас аз фуруди изтироирии он ҳавопаймо, ӯ дар ибтидо дар шаҳри Оски Сибир таҳти дармон қарор гирифт, аммо ду рӯз баъд ба маҳзи он ки пизишкон итминон ҳосил карданд, ки ӯ метавонад парвоз дошта бошад, ба бемористони Черта барои дармон мунтақил шуд.
Давлати Олмон эълом кардааст, ки пизишкон радҳое аз як омили аъсоб аз гурӯҳи Новичокро дар бадани ӯ ёфтаанд.
Маскав ҳам бо радди иддаоҳои Берлин таъкид кард, ки пизишкони рус ҳеҷ навъ модаи саммӣ дар бадани Навалнӣ пайдо накарданд.