Сентябр 15, 2020 19:37 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли аз саргирии парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон дар моҳи октябр

Манобеи Вазорати ҳамлу нақли Русия аз эҳтимоли аз моҳи октябр барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни Русия ва кишварҳои узви Иттиҳод, аз ҷумла Тоҷикистонро эълон карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , ин манобеъ гуфтаанд, ки баррасии ин мавзӯ идома дорад ва ба эҳтимоли зиёд дар моҳи октябр парвозҳои муназзам  миёни Русия бо пойтахтҳои кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд, аз ҷумла  Тоҷикистон  барқарор хоҳад шуд .
Ин дар ҳоле аст, ки қаблан вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба мақомоти Русия пешниҳод карда буд, ки аз рӯзи аввали моҳи август парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни ду кишвар аз сар гирифта шавад .
Ҳамчунин барои итминон аз масоили беҳдоштии мақомоти Тоҷикистон ваъда дода буданд, ки дар ин парвозҳо тамоми  муқаррароти беҳдоштӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона  риоят хоҳад шуд .
Бо густариши вируси корона  мақомоти Русия аз рӯзи 16 март  парвозҳо ба кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд, аз ҷумла  Тоҷикистонро мутаваққиф карданд ва то ба ҳол барои хориҷ кардани атбои ин ду кишвар танҳо парвозҳои чартерӣ анҷом шудааст .

Барчасп