Посухи Чин ба Трамп: дурӯғ агар ҳазор бор такрор шавад боз дурӯғ аст
(last modified 2020-09-23T13:48:28+00:00 )
Сентябр 23, 2020 18:48 Asia/Dushanbe
  • Посухи Чин ба Трамп: дурӯғ агар ҳазор бор такрор шавад боз дурӯғ аст

Намоянда ва сафири доими Чин дар Созмони Милали Муттаҳид дар баёнияе бо истифода аз як зарбулмасал талош кард, то дурӯғгӯии Раиси Ҷумҳурии Амрикоро ба чомеаи ҷаҳонӣ ёдоварӣ кунад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз ИРНА, Жонг Ҷун Zhang Jun рӯзи чаҳоршанбе дар посух ба Раиси Ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп,  ки дар маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид , Чинро дар густариши вируси маргбори корона  муқассир  хонд , хитоб ба ӯ гуфт, ки дурӯғ агар ҳазор бор такрор шавад боз ҳам  дурӯғ  аст.
Намояндаи Чин дар Созмони Милали Муттаҳид  иттиҳомҳои Трампро « комилан беасос » хонд ва ба ӯ ҳушдор дод, ки аз интишори « вируси сиёсӣ » худдорӣ кунад.
Жонг Трампро ба « сӯистифода аз трибуни Созмони Милали Муттаҳид барои эҷоди руёруӣ ва тафриқа дар ҷаҳон » муттаҳам  кард.
Сафири Чин дар Созмони Милали Муттаҳид дар баёнияи худ иқдомоти кишварашро дар мубориза бо корона  баршумурду афзуд : баракси Чин , он чӣ дар Амрико  иттифоқ  афтодааст,  як шикаст комил аст ва ин кишвар, ки муҷаҳҳаз ба пешрафтатарин фановариҳои пизишкӣ аст беш аз ҳар кишвари дигаре дар ҷаҳон  бемории Ковид - 19 ва ё ҷонбохта аз онро дораду ояндаи ин вирус дар ин кишвар  ҳамчунон  мубҳам  аст.
Ҳамзамон Вазорати умури хориҷаи Чин ҳам бо судури баёнияе иттиҳомҳои Трамп алайҳи Пекинро ба шиддат  рад  кард.
Трам шомгоҳи сешанбе дар суханони худ дар маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид , Чин ва Созмони беҳдошти ҷаҳониро муқассирони аслии шуюи вируси корона дар ҷаҳон муаррифӣ кард .

Барчасп