Бозгушоии мадориси Афғонистон
Мадориси Афғонистон бо риояти дақиқи тадобири беҳдоштӣ ба сурати комил бозгушоӣ шуд.
Ба гузориши ИРНА, Нурия Нузҳат, сухангӯи вазорати омӯзиш ва парвариши Афғонистон имрӯз (шанбе) аз донишомӯзон хост тадобири беҳдоштиро комил риоят кунанд то монеъи шуюи вируси куруно шаванд. Донишгоҳҳои Афғонистон низ аз панҷуми сентябр бозгушоӣ шуда буданд.
Ҳарчанд дар ҳоли ҳозир мизони ибтило ба вируси куруно дар Афғонистон коҳиш ёфта, аммо вазорати беҳдошти ин кишвар аз мардум хоста аст, ки нукоти беҳдоштиро риоят кунанд ва дар сӯрати риоят накардани мавориди беҳдоштӣ, нисбат ба оғози мавҷи дуввуми куруно ҳушдор додааст .
Токунӯн дар Афғонистон беш аз 39 ҳазор нафар ба вируси куруно мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод якҳазору 458 нафар фавт карданд.