Қаламфури сиёҳ вируси коронаро контрол мекунад
Олимон хусусиятҳои қаламфури сиёҳро дар саркӯби фаъолиятҳои вируси коронаро тасдиқ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, донишмандони институти фанноварии ҳиндӣ дарёфтаанд,ки модаи пиприн дар қаламфури сиёҳ метавонад амалкарди қисмҳое аз вируси коронаро, ки масъули тавлиди масал ва нуфуз дар бадани инсон аст мухтал кунад .
Модаи пиприн дар қаламфури сиёҳ масъули таъму роиҳаи тунди он аст.
Донишмандони русӣ низ муътақиданд, ки меканизми тавсиф шуда на танҳо дар як модели роёнае, балки дар зиндагии воқеӣ низ метавонад асарбахш бошад .
Коршиносон ҳамчунин мегӯянд, ки қаламфур қодир ба афзоиши эминии бадан асту ба худи худ метавонад омили зидди сармохӯрдагӣ ва зидди вирус бошад .