Октябр 22, 2020 13:17 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди дабири кулли НАТО бар боқимондани нерӯҳои ин созмон  дар Афғонистон
    Таъкиди дабири кулли НАТО бар боқимондани нерӯҳои ин созмон дар Афғонистон

Амрико ба ҳамроҳи муттаҳидони худ дар Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) ҳудӯди 19 сол аст, ки пас аз ишғоли низомии Афғонистон дар ин кишвар ҳузури низомӣ доранд. Пас аз тавофуқи ахири давлати Трамп ва Толибон, нерӯҳои амрикоӣ раванди хурӯҷи худ аз ин кишвари ҷангзадаро оғоз кардаанд, бо ин ҳол дабири кули НАТО нигариши дигаре дар ин бора дорад.

Йенс Столтенберг, дабир кулли НАТО шомгоҳи чаҳоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон таъкид кард, ки ин эътилофи низомӣ то замоне, ки шароити амниятии муносиб набошад аз Афғонистон хориҷ нахоҳад шуд.

Столтенберг гуфт, «дар ин замина бояд ба тасмими муштарак бирасем ва замоне, ки авзоъ мусоид буд ва шароит фароҳам буд, ҳамроҳи якдигар аз Афғонистон хориҷ хоҳем шуд. Аммо то қабл аз фароҳам шудани ин шароит, чунин иттифоқе нахоҳад афтод.»

Таъкиди дабири кулли НАТО дар бораи боқимондани нерӯҳои ин созмони низомӣ дар Афғонистон ба рағми таъкидҳои мукаррари Доналд Трамп, раисиҷумҳурии Амрико дар бораи тасреъи хурӯҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистон ва дар воқеъ кинояе ба вай дар ин замина аст. Раисиҷумҳури ҷанҷолии Амрико дар ростои ваъдаҳои интихоботии худ дар соли 2016 мабнӣ бар хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва низ барои ҷалби орои раъйдиҳандагони амрикоӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ноябри 2020 исрор бар бозгардондани ҳарчӣ сареътари низомиёни ин кишвар аз Афғонистон ҳатто зуддтар аз барномаҳои пешбинӣ шуда дар ин заминаро дорад ва дар ин росто ахиран муддаӣ шуд, ки ҳамаи нерӯҳои амрикоӣ мустақар дар Афғонистон то соли нави милодии 2020 (яъне то 25 декабр) ба хона бозхоҳанд гашт. Ин дар ҳоле аст, ки Роберт О'Брайен, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед эълом кард, ки Амрико то авоили соли ояндаи милодӣ, шумори нерӯҳои низомии худ дар Афғонистонро ба 2500 нафар коҳиш медиҳад. Бо муқоисаи изҳороти Трамп ва О'Брайен мушаххас аст, ки ин ду мақоми аршади амрикоӣ, ки ҷаласоти муҳимми амниятӣ бо ҳам баргузор мекунанд, ҳатто дар заминаи замонбандии хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон низ бо ҳам ҳамоҳанг нестанд.  

Ба гуфтаи Билл Роҷив, коршиноси сиёсии ҳиндӣ, Толбон тавофуқ бо Амрикоро ба унвон «тавофуқи поёни ишғол» медонад. Амрико мехоҳад аз Афғонистон хориҷ шавад ва таслими ҳамаи хостаҳои Толибон шудааст.

Трамп дар ин замина низ бидуни ҳамоҳангӣ бо муттаҳидони аврупоии худ дар НАТО, даст ба иқдоме зада, ки норизоии онҳоро бар ангехта аст. Зимни инки дабири кули НАТО муътақид аст, ки хурӯҷи ҳамаи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон мӯҷиби эҷоди халаи амниятӣ дар ин кишвар мешавад. Столтенберг ҳушдор дода, ки мавҷи ҷадиди хушунатҳо дар Афғонистон метавонад раванди музокироти сулҳро аз масири худ хориҷ кунад. Ин масъала бавижа бо тавваҷӯҳ ба даври ҷадиди даргириҳои густарда байни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон дар нуқоти мухталифи ин кишвар маъно пайдо мекунад. Даргирӣ байни Толибон ва нерӯҳои давлатӣ дар устонҳои Ҳилманд, Тахор, Бағалон, Қандаҳор, Бадахшон ва Майдон Вардаки Афғонистон ба шиддат идома дорад. Ин амр асосан тадовуми тавофуқнома байни Амрико ва Толибонро, ки дар феврали 2020 дар Давҳаи Қатар байни ду тараф ба имзои расид ва заминаи хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро фароҳам кардро дар маърази таҳдид қарор дода аст. Бавижа инки қарор буд то музокироти мустақим байни давлат ва Толибон барои расидан ба тавофуқе дар бораи мушорикати Толибон дар қудрат сӯрат гирад ва ба рағми баргузории гуфтугӯҳое дар ин замина, аммо ташдиди набардҳо дар Афғонистон байни ду тараф, нишондиҳандаи бесамар будани ин музокирот аст.

Ба назар мерасад, ки ҳатто дар сӯрати хурӯҷи бахши умдае аз нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, аммо Созмони низомии НАТО қасде барои хурӯҷи зудҳангоми нерӯҳои худ аз ин кишвари ҷангзада надорад. Ба гуфтаи Стефано Понтикуро, намояндаи ғайринизомии НАТО дар Афғонистони ин созмон то замоне, ки ниёз аст ба ҳузураш дар Афғонистон идома медиҳад ва ин Кобул аст, ки бояд дар ин бора тасмимгирӣ кунад. Вазирони дифои кишварҳои НАТО низ дар сентябри 2020 эълом карданд, ки ҳузури низомиёни ин созмон дар Афғонистон мубтанӣ бар шароити боқӣ хоҳад монад. Дар ҳоли ҳозир ҳудӯди 12 ҳазор низомии НАТО дар Афғонистон мустақар ҳастанд.

 БЕШТАР БИХОНЕД:

Таъкиди дабирикулли НАТО бар идомаи ҳузури низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон
НАТО: Барномае барои коҳиши нерӯ дар Афғонистон надорем

 

 

Барчасп