Дуэли охир: Дар мунозираи поёнии Байден ва Трамп чӣ гузашт?
(last modified Fri, 23 Oct 2020 11:58:48 GMT )
Октябр 23, 2020 16:58 Asia/Dushanbe

Дувумин ва охирин мунозираи интихоботӣ миёни Доналд Трамп ва Ҷо Байден, номзадҳои ҳизбҳои ҷумҳурихоҳ ва демократи Амрико баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, мунозираи ниҳоии ин ду номзад панҷшанбешаб ба вақти маҳаллӣ дар донишгоҳи Белмонти иёлати Теннессии Амрико баргузор шуд.

Аз он ҷо ки Трамп ва Байден дар мунозираи нахуст ба қавонин аҳамияте надодаву мудом ҳарфи якдигарро қатъ карданд, камиссиюни мунозираҳои интихоботии Амрико тасмим гирифт дар ин мунозира дар 2 дақиқае, ки мутаъаллиқ ба ҳар як аз номзадҳо буд, микрофони номзади дигарро қатъ кунад.

Корона нуқтаи оғози манозираи Байден ва Трамп буд

Доналд Трамп ба унвони оғозгари мунозира бори дигар бо иттиҳомзанӣ ба Чин, вируси коронаро "вируси чинӣ" номиду муддаӣ шуд: Амрико дар заминаи муқобила бо ин вирус ба маротиб аз кишварҳои дигар беҳтар амал карда аст.

Трамп иддао кард, бисёре аз сарони кишварҳо ба далели иқдомоте ки дар Амрико анҷом шудааст, ба вай табрик гуфтаанд.

Ҷо Байден аммо ба марги беш аз 220 ҳазор амрикоӣ бар асари ибтило ба вируси корона ишора карду гуфт: “Муқассири ин ҳама марг набояд раисҷумҳурии Амрико боқӣ бимонад”.

Таваҳҳуми тавтеаи хориҷӣ дар интихоботи Амрико

Дар ин мунозира ба мавзӯи иддаои дахолати Русия, Чин ва Эрон дар интихоботи Амрико низ ишора шуд.

Ҷо Байден дар посух ба суоли муҷрии мунозира дар хусуси гузориши иддаоии дастгоҳҳои иттилоотии Амрико дар хусуси дахолати Русия, Чин ва Эрон дар интихоботи Амрико гуфт: “Ҳар кишваре дар интихоботи Амрико дахолат кунад, баҳои сангине хоҳад пардохт”.

Байден дар идома иддао кард, қудратҳои хориҷие монанди Русия дӯст надоранд ӯ дар интихобот пирӯз шавад, чун медонанд, ки вай бо онҳо бархурди сахтгиронае хоҳад дошт.

Трамп ҳам бо иддаои ин ки Эрону Русия дӯст надоранд ӯ дар интихобот пирӯз шавад, гуфт: Ҳеч кас бо Русия сахтгртар аз вай набудааст”.

Доналд Трамп дар идома бо ҳамла ба Байден муддаӣ шуд, ӯ 3. 5 миллион доллар аз шаҳрдори Маскав пул дарёфт кардааст.

Рангинпӯстони Амрико дастмояи рақобати интихоботии Трамп ва Байден

Байден дар ин бахш бо ишора ба нигаронии шаҳрвандони сиёҳпӯсти амрикоӣ нисбат ба хушунатҳои эъмолшуда алайҳи онҳо муддаӣ шуд, вай мутаваҷҷеҳи тарсу нигаронии ҷомеаи рангинпӯстони Амрико аст.

Номзади Ҳизби демократ дар идома иддао кард: Вай дар ин саҳна ҳузур пайдо кардааст то ба сиёсатҳои ваҳшатноки Трамп поён диҳад.

Доналд Трамп дар идома иддао кард: Ҳеч кас ба андозаи вай барои сиёҳпӯстон кор накардааст.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико сеюми ноябри 2020 баргузор хоҳад шуд.

Натоиҷи аксари назарсанҷиҳо дар моҳҳои ахир дар Амрико, аз пештозии Байден нисбат ба Трамп ҳикоят дорад.

 

Бештар бихонед:

Нигаронии аксари раъйдиҳандагони амрикоӣ дар бораи напазируфтани натоиҷи интихобот аз сӯйи Трамп

Нахустин мунозираи Байден ва Трамп ба ривояти хабарнигори эронӣ + филм

Байден сиёсати худро дар қиболи Эрон ташреҳ кард