Интиқоди Имронхон аз Раиси Ҷумҳурии Фаронса
Нахуствазири Покистон аз изҳороти ахири Раиси Ҷумҳурии Фаронса мабни бар идомаи интишори карикатураҳои таҳқиромези зидди Паёмбар Акрам (с) интиқод кард.
Ба гузориши ИРНА, «Имронхон» рӯзи якшанбе изҳороти ахири «Раиси Ҷумҳурии Фаронса Эммануел Макрон», дар бораи интишори карикатурҳои таҳқиромез алайҳи Паёмбари ислом (с)-ро мӯҷиби ҷариҳадор шудани эҳсосоти мусулмони ҷаҳон донист ва гуфт: "Чунин суханоне боиси ташдиди исломҳаросӣ ва фазосозӣ барои ифротгароён мешавад."
Нахуствазири Покистон афзуд, Раиси Ҷумҳурии Фаронсаи муттаассифона исломҳаросиро бо ҳамла ба ислом ба ҷои ҳамла ба террористҳои ифротӣ, нажодпарастон, бартариталабони сафедпӯст ё идеологҳои фашистиро ташвиқ мекунад.
"Имронхон" Макронро ба таҳрики амдии эҳсосоти мусулмонони ҷаҳон ва ташвиқи аносири ифротӣ дар Фаронса барои намоиши карикатурҳои тавҳиномез алайҳи ислом ва Паёмбари аъзам Ҳазрати Муҳамад ( с ) муттаҳам карду хотирнишон кард,ки Раиси Ҷумҳурии Фаронса бо ҳамла ба ислом бидуни ҳеч дараке аз он, эҳсосоти миллионҳо мусулмон дар Аврупо ва сойири нуқоти ҷаҳонро ҷариҳадор ва ононро мавриди ҳамла қарор додааст.
Раиси Ҷумҳурии Фаронса ахиран дар изҳороте бо вақоҳат эълом карда буд, ки Фаронса ҳамчунон ба интишори карикатурҳои тавҳиномез алайҳи Расули гиромии ислом ( с ) идома хоҳад дод; иқдоме, ки бо вокуниши тунди мусулмонон рӯ ба рӯ шудааст.
Ахиран иқдоми маҷаллаи фаронсавии "шарли Эбдо " Charlie Hebdo дар интишори карикатурҳои таҳқиромез ба Паёмбари Акрам ( с), вокуниши тунди мусулмонони ҷаҳонро ба дунбол доштааст.
Шарли Эбдо, маҷалла фаронсавӣ аст ки асарҳояш мазмунан таҳқиромез ва зиддидинӣ мебошанд.
Паёми раҳбари инқилоб дар паи иҳонати нашрияи фаронсавӣ ба соҳати муқаддаси паёмбари аъзам (с)