Ноябр 02, 2020 19:24 Asia/Dushanbe
  • Се муҳоҷими мусаллаҳ дар ҳодисаи имрӯзи Донишгоҳи Кобул кушта шуданд
    Се муҳоҷими мусаллаҳ дар ҳодисаи имрӯзи Донишгоҳи Кобул кушта шуданд

Даргирӣ миёни муҳоҷимони террорист ва нерӯҳои амниятии Афғонистон дар Донишгоҳи Кобул камаш 20 кушта ва 40 захмӣ бар ҷой гузошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Афғонистон эълом кард, ки бо кушта шудани муҳоҷимон, даргирӣ дар Донишгоҳи Кобул поён ёфтааст.

Ториқ Ориян ба хабарнигорон гуфт, ки се муҳоҷиме, ки ба Донишгоҳи Кобул ҳамла карда буданд дар амалиёти нерӯҳои вижаи полис аз пой даромаданд.

Гуфта мешавад шуморе аз ҷонбохтагон ва маҷрӯҳони ин ҳодиса донишҷӯ ҳастанд.

Даргириҳо дар сохтмони донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи Кобул соъати 11-и пеш аз зуҳри имрӯз пас аз вуқуъи як таркиш ва бо вуруди гурӯҳе аз муҳоҷимони мусаллаҳ ба донишгоҳ оғоз шуд.

Дар паи ин таркиш бархе аз донишҷӯён муваффақ шуданд аз муҳавватаи донишгоҳ хориҷ шаванд.

Агар  чи гурӯҳи Толибон даст доштан дар ин ҳамларо рад кардааст, аммо мақомоти давлатӣ ва коршиносони умури сиёсӣ ва низомӣ, ин гурӯҳро масъули ин ҳамла муаррифӣ кардаанд.

Бештар бихонед:

Барчасп