Сухангӯи Бойден: Трампро аз Кохи Сафед ихроҷ мекунем
Сухангӯи Ҷо Бойден, номзади Ҳизби демократи интихоботи раёсатҷумҳурии 2020-и Амрико эълом кард дар сурати худдории Трамп аз қабули шикаст дар интихобот, ӯро аз Кохи Сафед « берун » мекунем.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз ИРНА, Андру Битс- сухангӯи Ҷо Бойден гуфт: Трамп борҳо иддао кардааст шикастро қабул намекунад ва Кохи Сафедро тарк нахоҳад кард, аммо амрикоиҳо дар бораи натиҷаи ин интихобот тасмим хоҳанд гирифт.
Сухангӯи Ҷо Бойден таъкид кард: Мақомоти амрикоӣ хоҳанд тавонист мутаҷовизон аз Кохи Сафедро ихроҷ кунанд.
Ҷадидтарин омори натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико то ин лаҳза нишон медиҳад, ки Ҷо Бойден бо 264 овози электрол дар баробари 214 овози электроли Доналд Трамп пеш буда ва ин дар ҳоле аст, ки ҳар номзаде, ки 270 электролро аз они худ кунад, пирӯзи интихобот аст.
Манобеи фаронсавӣ гузориш доданд ба назар мерасад Трамп қасд дорад натоиҷи овозҳои сандуқҳои овозро ба чолиш бикашад ва маснади қудрати худ дар Кохи Сафедро тарк накунад.
Пештар чандини расонаи амрикоӣ гузориш дода буданд, ки Трамп борҳо эълом кардааст, ки қасд надорад дафтари кори худ дар Кохи Сафедро тарк кунад.
Ба гузориши CNN, Трамп номзади ҷумҳурихоҳи интихоботи раёсатҷумҳурии 2020-и Амрико суханронии шикаст дар интихоботро омода накарда ва дар муколимаҳо бо ҳамкорони худ дар рӯзҳои ахир муддаӣ шудааст, ки ӯ қасди вогузории интихоботро надорад.
CNN ба нақл аз як манбаи наздик ба Трамп афзуд: Ӯ дар ҳолати омодабоши ҷангӣ қарор дод, зеро тасаввур мекунад ҷангидан, варақро ба нафъи ӯ бармегардонад.
Бештар бихонед: