Русия: Арманистонро дар масъалаи Қарабоғ фиреб надодаем
(last modified Sat, 14 Nov 2020 05:14:55 GMT )
Ноябр 14, 2020 10:14 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми сулҳбонони русӣ ба минтақа нишондиҳандаи тавваҷуҳ ба сарнавишти минтақа аст
    Эъзоми сулҳбонони русӣ ба минтақа нишондиҳандаи тавваҷуҳ ба сарнавишти минтақа аст

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Русия таъкид кард, ин кишвар дар масъалаи Қарабоғ, Арманистонро фиреб надодааст.

Ба гузориши ИРНА, Мария Захарова, рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарии ҳафтагиаш дар мавриди тарҳи ахборе мабнӣ бар инки Русия, Арманистонро дар масъалаи Қарабоғ фиреб додааст, гуфт: “Маскав ҳамаи талошҳои мумкин, аз ҷумла роҳҳои дипломотӣ барои ҳалли ин масъаларо ба кор баста ва сулҳбононро ба минтақаи муноқиша эъзом кардааст”.

Захарова афзуд, Русия бо эъзоми сулҳбонон ба минтақаи Қарабоғ нишон дод то чӣ ҳад ба сарнавишти минтақа тавваҷӯҳ мекунад.

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Русия ҳамчунин гуфт, бо иқдомоти Маскав дар масъалаи Қарабоғ, амнияти минтақа ва ду кишвари Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон ва ояндаи онҳо тазмин мешавад.

Захарова афзуд, мақомҳои Русия бар ин боваранд, ки масъалаи ҳузури муздурони хориҷӣ дар минтақаи Қарабоғ бо мушорикати тарафҳо ҳалу фасл хоҳад шуд.

Оташбаси ҷадид дар минтақаи Қарабоғ аз бомдоди сешанбе (10 ноябр) ба вақти Маскав иҷро шуда ва бар асоси тавофуқе мабнӣ бар поёни ишғоли манотиқи таҳти тасарруфи Арманистон, ҷанги 30 сола миёни ду кишвар поён ёфтааст.

Даргириҳо байни ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон дар минтақаи Қарабоғ аз бомдоди якшанбе (27 сентябр) аз сар гирифта ва боиси кушта шудани шуморе аз тарафайн шуд.

БЕШТАР БИХОНЕД: