Ноябр 23, 2020 17:28 Asia/Dushanbe
  • Саркисян: Натавонистем артише муҷаҳҳазу омӯзишдида бисозем
    Саркисян: Натавонистем артише муҷаҳҳазу омӯзишдида бисозем

Армен Саркисян, раиси ҷумҳурии Арманистон, Ереванро бозандаи аслӣ дар муқобили ҷумҳурии Озарбойҷон дар муноқишаи Қарабоғ донист.

Ба гузориши хабаргузории Қафқоз, Армен Саркисян дар мусоҳиба бо нашрияи "Аравот" эътироф кард: Онҳо дар солҳои гузашта натавонистанд артише бисозанд, ки таҷҳизоти низомиву омӯзишӣ дошта бошад ва битавонад муқобили артиши ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи Қарабоғ муқовимат кунад.

Раиси ҷумҳурии Арманистон афзуд: Мо фақат дар майдони ҷанг шикаст нахурдем, балки бештар нашудани ҷамъияти Қарабоғ дар солҳои ахир ҳам худаш як шикаст буд.

Интиқоди Саркисян аз расонаҳои Арманистон

  • Саркисян ҳамчунин бо интиқод аз расонаҳои Арманистон гуфт, расонаҳои Арманистон дар ин замина аз ҷумҳурии Озарбойҷон ақиб монданд ва ба ҷуз "копи паст" кардан аз Фейсбук кори дигаре анҷом надоданд. 

Раиси ҷумҳурии Арманистон ҳамчунин бо баёни ин ки дар ин кишвар мушкилоти ҷиддӣ дар эътимоду нигариш ба давлат вуҷуд дорад, баргузории интихоботи зудҳангоми порлумониро дар Арманистон хостор шуд.

Саркисян ахиран дар дидор бо гурӯҳе аз мардуми Арманистон таъкид кард, ки вай ҳеч иртиботе бо баёнияи оташбас, ки ба имзои нахуствазир ва руасои ҷумҳурии Русияву Озарбойҷон расидааст, надорад ва аз ин мавзуъ беитилоъ будааст.

Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи 10 ноябр бо миёнҷигарии Русия барои поёни ҷанг дар Қарабоғ тавофуқ карданд. 

Мардуми Арманистон ин тавофуқномаро қабул надоранду ба амалкарди Никол Пашинян норозӣ ҳастанд.

 

 Бештар бихонед:

Барчасп